Рамзи китоби Сарқонун дар Муъминобод
Муъминобод, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бахшида ба 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ дар ноҳияи Муъминобод бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рамзи китоби Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардид, ки сарфи маблағи умумии он зиёда аз 10 000 сомониро ташкил дод.
Бино ба иттилои директори Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия Сайфулло Наботов дарозии китоби мазкур 1 метру 30 см ба 90 см, ғафсии он 18 см буда, дар баландии 3 м 50 см гузошта шудааст, ки ба симои меъмории ноҳия ҳусни хосса бахшидааст.
Манбаъ афзуд мақсад аз насб кардани ин рамз эҳтироми самимӣ нисбат ба китоб буда, инчунин риояи талаботи ҳар як моддаи он дар ҷомеа мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






