Раванди бунёдкорӣ дар Раштонзамин
Душанбе, 1.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми варзишгоҳи марказии ноҳия, толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт аз ҳамин қабиланд. Ҳамзамон сохтмони бинои мактаб барои кӯдакони лаёқатманд дар маҳаллаи Дашти Рашт, бунёди бинои таълимии Омӯзишгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Э. Муҳиддинов, корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати низоми Осорхона дар маркази шаҳраки Ғарм, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия, сохтмони маркази ташхисии минтақавии Рашт, сохтмони корхонаи истеҳсоли орд дар маҳаллаи Сомониён босуръат ҷараён дорад. Корҳои барқарорсозии системаи гармидиҳии Маркази саломатии ноҳиявӣ, сохтмони бинои китобхона дар деҳаҳои Вардуч, Ҳисорак, Қалъанак, Зарангак, Зарифӣ, Парвоғ, Ваҳдат, Шоле, Хоҷаалӣ ва боз сохтмони даҳҳо иншооти дигари дорои таъйиноти гуногун дар марҳилаи анҷомёбист.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони бархе аз иншоотҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, инчунин саҳми соҳибкорони ноҳия низ дар бунёди дигар иншоотҳо назаррас аст. Қисме аз иншоотҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва бархеаш дар марҳилаҳои баъдӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба АМИТ « Ховар» иттилоъ доданд, ки сокинони ноҳияи Рашт ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо меҳнати софдилона ва содиқона барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бахшҳои мухталиф, хусусан созандагиву бунёдкорӣ саъю талош менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






