Роҳбари «Аш-Шабоб» ба ҳалокат расид

Сентябрь 8, 2014 15:26

 
           Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-   Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо  5-уми сентябр мувофиқат карданд, ки бинобар амалкардҳои Русия дар шарқи Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ шаванд. Вале агар созиши оташбас миёни ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва неруҳои Украина риоят шавад ва Русия неруҳояшро аз Украина берун кунад, таҳримот ҳукми иҷро намегиранд. 
 
     Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии  Амрико Барак Обама ба васоити ахбори оммаи кишвараш гуфт, ки  10-уми сентябр стратегияи мубориза бо ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломиро муаррифӣ мекунад. Ӯ зикр намуд, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш ба неруҳои давлатии Ироқ ва неруҳои курд кумак мекунанд, то ба тадриҷ манотиқи ишғолкардаи Давлати Исломиро пас бигиранд ва дар ниҳоят ин созмонро ҳамроҳ аз байн бибаранд. 
 
Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи гузашта дар саммити Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), ки дар шаҳри Уэлси Британияи Кабир ҷараён дошт, дар мавриди афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дар Афғонистон баъди соли 2014-ум сухан рафт. Дар ҳамоиши байналмилалӣ таъкид гардид, ки ба соҳаи мудофиа ва низомии Афғонистон то соли 2017-ум ҳаҷми маблағгузорӣ бояд аз 4,1 ба 5,1 миллиард доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад.
 
         Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Аъзои ҳукумати Япония пурра ба истеъфо рафтанд. Истеъфои аъзои ҳукумат аз ҷониби Сарвазир Синзо Абэ қабул карда шуд. Ҳукумати кунунӣ пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон тӯлонитарин дониста мешуд. 
 
Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳукуматдорони  Фаронса кӯшиш доранд, ки шумораи низомиёнашро дар шаҳри Кале зиёд  намоянд, зеро вақтҳои охир шумораи муҳоҷироне, ки аз тариқи гулӯгоҳи Ла Манш кӯшиши ба Британияи Кабир ворид шуданро доранд, хеле зиёд гардидааст. 
 
      Душанбе,08.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-6 сентябри соли равон роҳбари гурӯҳи ифротии «Аш-Шабоб» дар Сомали Аҳмад Абду Годан дар натиҷаи як амалиёти партоби мушаки ҳамопаймоҳои зарбазани ИМА  ба ҳалокат расонида шуд. 
 

Сентябрь 8, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!