«Ромкунии духтари саркаш» дар театри Лоҳутӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯзҳо дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ мавсими нави театрӣ оғоз шуд.
Дар мавсими нав акнун ҳунармандони театр намоишҳои ҷолибро пешкаши ҳаводорони саҳнаи театр мегардонанд, аз ҷумла рӯзҳои 23-24-уми сентябри соли равон соати 18:00 намоиши «Аёдат» аз рӯи асари Ҳикмат Раҳмат ба намоиш гузошта мешавад, ки басаҳнагузорандаи он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев аст.
Инчунин рӯзҳои 25-27-уми сентябр соати 18:00 намоишномаи «Ромкунии духтари саркаш» аз рӯи асари В. Шекспир дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров доир мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






