Сафари расмии Р. Раҳимзода ба Қирғизистон

Сентябрь 8, 2014 12:12

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Рӯзҳои 4-6-уми сентябри соли 2014 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари расмӣ қарор дошт.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар доираи сафари мазкур, 4-уми сентябр, дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Абдулда Суранчиев вохӯрӣ  намуд.
Дар  вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, хариду фурӯши одамонро муҳокима намуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расонида шуд, ки он ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, мубодилаи иттилоот, ҷустуҷӯи шахсони дар кофтуков қарордошта ва дигар таҳдидҳоро бо истифода аз технологияи муосир дар бар мегирад.

Сентябрь 8, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад