Сарқонун-ҳуҷҷати стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-иҶТ 2-юми октябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сарқонун-ҳуҷҷати стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол» мизи гирд баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мизи гирд олимон, муҳаққиқон, мутахассисон аз идораву ташкилотҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишкадаҳои олии кишвар ширкат варзида, масъалаҳои «Конститутсия ҳамчун кафили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Конститутсия ва принсипи тақсими ҳокимият дар шароити Тоҷикистони муосир», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси фаъолияти ҳокимияти судӣ», «Конститутсия ва воқеияти он дар ҳифзи асосҳои бунёдии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ», «Сохтори конститутсионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Конститутсия: назария ва амалияи тадбиқи он», «Нақши Конститутсия дар таъмини рушди низоми қонунгузорӣ дар Тоҷикистон», «Принсипи дунявият: мафҳум ва моҳияти он» ва «Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ» мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






