Се рӯзи идонаи истироҳатӣ дар кишвар
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Иди Қурбонро мардуми шарифи Тоҷикистон тибқи анъана бо шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Чанд рӯз қабл Шӯрои уламои кишвар таърихи баргузории ин иди диниро 5-уми октябр эълон намуд.
Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 5-уми октябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд ва рӯзи муқаррарии истироҳатӣ маҳсуб мешавад, мутобиқан ин рӯз мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 6-уми октябр гузаронида мешавад ва рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон мешавад.
Ҳамин тавр мардуми кишвар се рӯз паи ҳам- 4,5 ва 6-уми октябр истироҳат мекунанд.
7 октябр рӯзи корист.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи анъана Иди Қурбон бо намоз гузоштан дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар оғоз гардида, сипас мардум ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд.
Инчунин дар ин рӯз мардум ба сари манзили гузаштагони худ рафта, дуою фотеҳа хонда, арвоҳи онҳоро шод мегардонанд.
Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон қурбонӣ кардан аст, ки дар Тоҷикистон нафарони зиёд ин фаризаро ба ҷо меоранд.
Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он ба арафаи Иди Қурбон рост меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






