Семинари омўзишӣ дар Кўлоб
Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб семинари омўзишӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории семинар масъалаҳои ба роҳ мондани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба талаботи қонунгузории нави Федератсияи Русия, дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ ва дигар масъалаҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия ба нофаҳмиҳо ва мушкилиҳо дучор меоянд матраҳ гардида, сабабҳои муҳоҷират, таҳлили саргузаштҳои ҷабрдидагон, одамфурӯшӣ ва поймолшавии хуқуқи онҳо, қоидаҳое, ки пеш аз рафтан ба хориҷа ва ҳангоми дар муҳоҷират будан бояд риоя шаванд, ба тариқи саволу ҷавоб баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






