Шаҳодатномаи ДОМ ба хамкунандагони Тоҷикистону Афғонистон

Сентябрь 2, 2014 09:28

 Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Нуҳумин маросими хатми таҳсилро мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) 30 августи соли 2014 дар шаҳри Хоруғ доир намуд. 
Тавре ки аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими хатми мактаб дар Хоруғ ба 220 хатмкунанда шаҳодатнома супурда шуд. Хатмкунандаҳои барномаи технологияи иттилоотии ДОМ соҳиби шаҳодатномаҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи Иҷозатномаи байналмилалии компютерӣ ва Палатаи савдо ва саноати Лондон гардиданд. Бо шаҳодатномаҳои касбӣ хатмкунандаҳои барномаҳои таълимии  «Технологияи муҳосибот» ва «Таҳсилоти касбӣ-техникӣ» сарфароз гардиданд. Хатмкунандаҳои курсҳои хазинадорӣ/муҳосибот, забони англисии академикӣ ва муоширатӣ  соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд. Ба хатмкунандаҳои курсҳои забонҳои русӣ, олмонӣ ва чинӣ барои муошират маълумотномаҳои дастовард дода шуданд.
 

Сентябрь 2, 2014 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст