Шабакаҳои ба рӯҳияи ҷавонон зараровар маҳдуд мешаванд
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Рӯзи дониш аз истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои интернет изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки вақтҳои охир аз бемасъулиятии як гурӯҳ волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад.
Бинобар ин, ба падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ таъкид намуд, ки истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зарароварро дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






