Шир барои корхонаҳои шароити меҳнаташон зарарнок
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо қарор қабул намуд.
Дар робита ба қарори мазкур Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гаштааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба тадбиқи қоидаҳои мазкур ва назорати ҷараёни иҷрои он таъмин намояд.
Амали қоидаҳои мазкур корхонаҳоеро фаро мегирад, ки шароити меҳнаташон зарарнок (махсусан зарарнок) ва хатарнок мебошад.
Шир ва хӯроки табобатию профилактикӣ ба кормандон аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи шароити меҳнати объектҳои истеҳсолӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавӣ, таҳкими саломатии коргарон дода мешавад.
Хӯроки табобатию профилактикӣ ва шир дар рӯзҳои ғайрикорӣ, рухсатӣ, сафарҳои хизматӣ, рӯзҳои таҳсили ҷудо аз истеҳсолот, рӯзҳои иҷрои кор дар дигар қитъаҳое, ки додани хӯроки табобатию профилактикӣ пешбинӣ нашудааст ва дар давраи корношоямии муваққатӣ дода намешавад.
Додани хӯроки табобатию профилактикӣ барои рӯзҳои гузашта ё худ пешакӣ додан барои якчанд баст, инчунин пардохти ҷубронпулии хӯроки табобатию профилактикии дар вақташ нагирифта мутобиқи ин қарор манъ аст.
Хӯроки табобатию профилактикӣ ба коргарон ва устоҳое, ки рӯзи пурраи корӣ дар раванди асосии технологӣ ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти истеҳсоли кислотаи сулфат, хлори моеъ, оҳаки хлордор, хлориди оҳан, фосген, фториди натрий, хлорпикрин ва амсоли инҳо машғуланд, дода мешавад.
Воситаҳои ҳифозати фардӣ дар вақти ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидани корманд ё худ гузаштани муҳлати истифодаи ин воситаҳо дода мешаванд.
Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар мувофиқа бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






