Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан
Душанбе, 13.09.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ташриф овардааст.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурданд.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан бо намоиши маҳсули ҳунарҳои зебои тоҷикӣ ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, ки атроф ва дохили қароргоҳро оро медиҳанд, ҳамчунин саршор аз фазои форами фарҳангӣ шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






