Си Сзинпин ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Аввалин ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ба Тоҷикистон дар давраи мусоиди ҳамкории ҳар ду кишвар сурат мегирад, гуфт дар нишасти матбуотӣ сафири Чин Фан Сянжун.
Ба гуфтаи сафир, ташрифи давлатии Раиси ҶМЧ Си Сзинпин, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат мегирад, хусусияти таърихӣ дорад. «Ин ташрифот дар даврае роҳандозӣ мешавад, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон сатҳи стратегиро касб кардаанд», — афзуд Фан Сянжун.
Дар ҳошияи ташрифот якчанд мулоқоти Си Сзинпин бо роҳбарияти олимақоми Тоҷикистон ва имзои бархе созишномаҳои бахши сармоягузорӣ ва рушди иқтисодиёт дар назар аст.
Фан Сянжун ҳамчунин хотирнишон сохт, ки вақтҳои наздик татбиқи лоиҳаи сохтмони шохаи чоруми лӯлаи гази Чин — Осиёи Марказӣ оғоз меёбад, ки калонтарин лоиҳаи Чин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дипломати Чин иброз дошт, ки анқариб дар Тоҷикистон Маркази Конфутсий ифтитоҳ мешавад, ки ҳадафи он тарбияи кадрҳои бахшҳои мухталиф аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






