Соҳибкорони СҲШ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Сентябрь 8, 2014 09:51

 Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони кишварҳои аъзои ин Созмон баргузор мегардад. 
Ба иттилои ташкилкунандаи чорабинӣ — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳадафи асосии форум, ки таҳти шиори “Ҳамкорӣ, рушди муштарак, пешрафт” мегузарад, густариши ҳамкории минтақавии иқтисодӣ, таҳкими равандҳои ҳамгироӣ байни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, таҳрики майлу рағбати мутақобила ва вусъат додани робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои аъзои ин Созмон аст.
Интизор меравад, ки дар маросими тантанавии ифтитоҳи форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ кунад.
Бояд гуфт, ки дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи коршиносони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин кишварҳои нозир ва ҳамшарикони муколамаи СҲШ иштирок хоҳанд намуд. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи амнияти энергетикӣ ва озуқавории кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва амсоли инҳо мавзӯъҳои асосии муҳокимаи ин чорабинӣ мебошанд.
Дар ҳамоиш рӯнамоиҳо дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, ҷанбаҳои ҳуқуқии бурдани фаъолияти соҳибкорӣ ва имтиёзҳои кишвар, дар бораи инкишофи саноати маъдани кӯҳӣ бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи бомуваффақияти сармоягузорони минтақаи СҲШ ва нақшаҳои минбаъдаи вусъат додани истеҳсолот ҷиҳати баромадан ба бозори минтақавӣ пешкаш мегарданд.
 
 

Сентябрь 8, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад