Суғд: фарогирии 40 ҳазор хонанда ба синфи як
Хуҷанд, 2.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар ҳамаи мактабҳои саросари ҷумҳурӣ соли нави таҳсили 2014-2015 оғоз ёфта, занги аввал садо дод. Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд беш аз 3,5 ҳазор толибилмон бори нахуст по бар остонаи мактаб ниҳод.
Тавре ки аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар Рӯзи дониш дарси аввал дар ҳамаи мактабҳои шаҳр бо дарси сулҳ оғоз ёфта, толибилмон тавассути телевизион суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашт ва он тавассути телевизион пахш шуд, тамошо карданд.
Соли равон дар 47 мактаби шаҳр наздики 25 ҳазор талаба ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Дар маҷмӯъ, 1 сентябр дар миқёси вилояти Суғд 912 мактаб дари худро барои 485 ҳазор толибилм, ки аз он зиёда аз 40 ҳазор нафараш хонандаи синфи 1 мебошаду бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳодааст, боз намуд, ки 33 ҳазор омӯзгор ононро ба ҷараёни таълим фаро мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






