Суханронии Э. Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Сентябрь 12, 2014 13:26

 
Ҳамтоёни  муҳтарам,
Меҳмонон  ва иштирокдорони  гиромии ҷаласа,
Баъди  ҳамоиши  охирини  мо  расо  як  сол  сипарӣ  шуд. Дар  ин   давраи  кӯтоҳ  дар  ҷаҳон  тағйироти  бисёр ба  вуқӯъ пайваст. Баъзе  тағйирот  хусусияти ҷиддӣ доранд ва ба сохтори  мавҷудаи  ҷаҳон  таъсир  мерасонанд. Ин ҳол проблемаҳои  навро  ба  миён  меорад, ки  ҳалли  онҳо ҷустуҷӯ ва  кӯшишҳои  дастаҷамъиро,  аз ҷумла дар  доираи Созмони  ҳамкории  Шанхай,  талаб  мекунад.
Мо тайи  давраи  гузашта  на фақат  дучори  суръатҳои  баланди тағйироти  ҷаҳон,  балки  дучори   имкониятҳои  наве  низ  гардидем, ки   ба хотири рушду густариш  ба  миён  омадаанд. 
Мо  ҳамчунин  шоҳиди  ҳам  ҳалли  моҳиронаи  дипломатии  ихтилофоти  мураккаб ва  ҳам  сар задани  манбаъҳои  нави  зӯроварӣ  дар  сарҳадоти  хориҷии  СҲШ гардидем. 
Вазъияти  мураккабу ихтилофноки  «нуқтаҳои доғи» сайёра ба  фазои  СҲШ, ки он суботу  рушди  устувор  хос аст,  таъсир  мерасонад. 
Ин ҳақиқати  оддиро дар бораи бо ҳам дар сатҳи баланд алоқаманд  будани  мо тасдиқ  менамояд, ки  дар ин шароит муваффақиятҳои иқтисодии  як  кишвар ва  рушди  иқтисодиёти  кишварҳои  дигар,  пеш  аз  ҳама ба  рушди  иқтисодиёти  кишварҳои  ҳамсоя таъсири   мусбат  расонида,  проблемаҳо  мустақиман  ба  давлатҳои  дигар  низ дахл  менамоянд.
Терроризми  байналмилалӣ ва  ҷинояткорӣ  дар  сарҳадот,  гардиши  ғайриқонунии  аслиҳа  ва  маводи  мухаддир,  ифлосшавии   муҳити  зист  ва   бемориҳои  сирояткунанда метавонанд  мисоли  ин  бошанд.
Воқеияте  низ ташвишовар  мегардад, ки   гурӯҳи  ашхос дорандаи  он  воситаҳои  имрӯзаи  техникии  тайъиноти  ҳарбӣ  мегарданд, ки  пештар онҳоро  фақат  давлатҳо доштанд. Чунин тағйирот моҳияти  проблемаҳоеро тағйир  медиҳад ва мо бо масъалаҳое дучор  мегардем,  ки   дар  навбати  аввал  ба  проблемаҳои  марбут ба таъмини  амнияти   минтақаамон  дахл  доранд.
Комилан  возеҳ  аст, ки  масоили таъмини  амният,  ҳифзи  сулҳу  суботи  минтақа, муборизаи  оштинопазир  бо «се офат» бояд масоили асоситарини афзалиятнок  барои  давлатҳои  аъзои  Созмон боқӣ  монанд.
Дар  шароити ҷаҳонишавии Созмони  мо бояд ҳар гуна равандҳои назарраси пешоянд, хусусан  дар  минтақаҳои  назди  доираи  масъулияти Созмони ҳамкории  Шанхай,  дар мадди  назар  бошанд.
Ҳамаи  мо  бояд дар  хотир  дошта бошем, ки воқеаҳои рухдиҳанда, масалан,  Воқеаҳои  Шарқи  Наздик, ки  ба  ташкили  ба  истилоҳ  «халифати исломӣ» рабт   доранд,  метавонанд ба  минтақаи  мо таъсири  бевосита  расонанд,  гарчи онҳо ба исломи  асил  ягон  умумияте  надоранд. 
Чунин  муносибат ба  ин гуна  воқеаҳо бояд тақозои  замони  начандон  ороми  мо   гардад. 
Воқеаҳои соли  гузашта ҳамаи оқибатҳои  зараровари  амали  гурӯҳҳои  террористӣ,  ҷинояткории муташаккилона  ва  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддирро   барои  ҷаҳон,  барои амният ва  рушди  ҳам кишварҳои  мо  ва  ҳам  умуман  минтақа  бори дигар намоиш  доданд. Онҳо ҳамчунин  он  душвориҳои  ногузирро  нишон  доданд, ки  созмони  мо  дар  саъю  кӯшишҳояш  барои нишон  додани  муқобилати  судманд ба  ин  таҳдиду  хатарҳо  дучори онҳо  мегардад. 
Терроризми  байналмилалӣ  ва  ҷинояткорӣ  дар  сарҳадот ба  пинҳонкорӣ  нагузаштаанд; «се офат» худро  густохонаю  дағалона  ҷило  дода,  аз  кӯшишҳои  бо зӯроварию  куштори  сокинони  осоишта  ба  миён  овардани  вазъияти  тарсу  бим  даст  намекашанд.
Вазифаи  якҷояи  мо  он  аст, ки  сатҳи  баланди  ҳамкории минтақавӣ  ва  табодули  васеи иттилоотро,  хусусан  бо  шариконамон  ба  ситезаҷӯию  таҳдидҳои нав  муқобил  гузорем.
Мо  дар  ин  росто  натиҷаи  мулоқоти  ҷонибҳои  манфиатдорро  барои танзими  вазъияти  Шарқи  Украина,  ки  иҷрои  нақшаи  Президенти  Украина ва  ибтикороти Президенти  Россияро  дар  назар  дорад ва мақсад  аз он  ҳалли  сулҳомези  ин  масъалаи  мубрам  аст,  маъқул  мешуморем. 
Тоҷикистон  фаъолияти   сохтори   зиддитеррористии  минтақавӣ, ҳамчунин  ҳамкории мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва  мудофиавиро, ки  дар  доираи  СҲШ фаъолона   рушд  меёбад,  ҳамаҷониба  дастгирӣ  мекунад. 
Рӯи  кор  овардани  иқдомоти  дорои  хусусияти зиддитеррористӣ  ва  зидди маводи  мухаддир  аҳамияти  бориз  дорад. Терроризм  ва  маводи  мухаддир  ба  якдигар ғизо  мебахшанд.  Бояд  саъю  кӯшишҳои  мо  дар  мубориза бо  истеҳсолу  гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир, ки тайи  10  соли  охир  талабот  ба  он  меафзояд,   тақвият дода  шавад. 
Соли  гузашта  СҲШ   барои  такмили  вусъати  таассуру  эътинод ва  ҷилавгирии   гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  бархе  иқдоми  мусбатро  рӯи  кор  овард. 
Ҳамзамон  ин  кор  такмили  доимӣ,  роҳандозии  ҳамкориро  бо  доираи  васеи  мушорикон,  аз ҷумла  бо  СММ,  тақозо  мекунад. Чунон ки  маълум аст,  соли  2016  Иҷлосияи  махсуси Ассамблеяи  генералии  СММ  аз  рӯи   масъалаи   маводи  мухаддир  дар  ҷаҳон  даъват  мешавад. 
Ҳадафи  он  аз   омӯхтани   роҳҳои  нави  ҳалли  проблемаи  ҳарчи  бештар  мураккабгардидаи   гардиши  ғайриқонунии   маводи  мухаддир  иборат аст. 
Созмони  мо   дар   муборизаи  зидди  офати  маводи  мухаддир  таҷрибаи  ҷиддӣ андӯхтааст.  СҲШ  метавонад  ва  бояд   ба  тарҳрезии  барномаи  судманди   зидди  маводи  мухаддир  дар  миқёси  ҷаҳон  саҳми  худро  гузорад. 
Дар  робита ба  ин пешниҳод  мекунам, ки  соли  2015  дар  шаҳри  Душанбе бо  иштироки   давлатҳои нозир  ва  мушорикон,  ҳамчунин  бо  даъвати  созмонҳои  манфиатдори байналмилалӣ  конфронси  минтақавии  СҲШ  аз  рӯи  проблемаи   маводи  мухаддир доир  карда  шавад. Соли  гузашта  пешрафти  муайянеро  дар  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодӣ  намоиш  дод. Ҳаҷми   савдои  байниҳамдигарӣ  афзоиш  меёбад. Ҳамзамон  ба  мо  муяссар шуд, ки дар соҳаи   ҳамкории  иқтисодӣ  ба  пешравии  назаррас  ноил  шавем. 
Аз  афташ, мо  бояд бо назардошти рақамҳои  бузурги  муомилоти  савдои  хориҷӣ сӯи  кооператсияи  истеҳсолӣ  ва  илмию  техникӣ  собитқадамона  пеш равем ва  манофеи  умумии  иқтисодиро ташаккул  диҳем.
Ин раванд дар  ҳамкории иқтисодии  кишварҳои аъзои  СҲШ  тадриҷан  ва  бо  суръати  номутаносиб пеш  меравад, ки  он  бояд  ба таври  илова  тезонида  шавад. Ташаббуси Раиси  ҶМЧ  Cи Ҷинпин  дар  бораи  ташаккули  минтақаи   иқтисодӣ  қад – қадди роҳи абрешим ҳамаҷониба дастгирӣ  шуд.
Бо  назардошти  ин  масоили   рушди  роҳҳои  нақлиётию  коммуникатсионии  СҲШ,  таъмини   гардиши  озоди  амвол ва хидматрасонӣ  дар саросари ҳамаи фазои  Созмон  аҳамияти бузург   пайдо  мекунад.
Ба  назари  мо,  пеш  аз  ҳама,  барои  ба рӯи  кор  овардани  кооператсияи  истеҳсолӣ  ва  ҳамкорӣ дар  бахши  истеҳсолоти   саноатӣ бояд таваҷҷӯҳ  зоҳир  гардад. 
Бояд  масъалаи  қобили  қабул  будани  ташкили  афзоиши минтақаҳои    иқтисодӣ  (АМИ)   ҳал  гардад.  Чунин  минтақаҳо  метавонанд марказҳои  саноатию  технологӣ, роҳҳои оҳан,  марказҳои  илмию  таҳсилотиро  дар  бар  гиранд.
Бо  истифода  аз  бартариҳои   равобити   иқтисодии  байнисарҳадӣ  метавон  дар  заминаи онҳо  корхонаҳои  муштараки  саноатӣ,  иншоотҳои  инфрасохторӣ, тарбияи  кадрҳо ва   тадқиқоти  илмӣ   бунёд  намуд. 
Тарҳрезӣ ва татбиқи  лоиҳаҳои   муштараки  инвесттсионии  дорои   хусусияти  инфрасохторӣ метавонад  яке аз  омилҳои  асосии  тезонидани  рушди  иқтисодиёт,   шуғли  аҳолӣ ва  ҳалли   масоили   иҷтимоӣ  дар  фазои  СҲШ  гардад. 
Вақти   фароҳам  овардани  шароити   мусоид барои   ҷалби  фаъолонаи   сармоя  ба  чунин   истеҳсолоти ояндадори  минтақа,   аз  қабили  энергетика,  саноати   истихроҷи  маъдан, саноати сабук ва  хурокворӣ,  маҷмааи  кишоварӣ  расидааст. Самтҳои  зикршудаи  ҳамкорӣ метавонанд мавриди  «харитаи  роҳ» — и   самтҳои  Стратегияи рушди  миёнамӯҳлати  СҲШ  гарданд, ки   тарҳрезии он босуръат  идома дорад. 
Ба  назари  мо,  саъю  кӯшиши  якҷоя  ба  манзури  ташаккули  имкониятҳои  нави  индустриалии   минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  аз ҷумла  дар  бахши   кооператсияи  саноат, метавонад ҷавобгӯи манфиатҳои  асосии   ҳамаи  давлатҳои аъзои  СҲШ бошад. Дар  робита ба  ин, аҳамияти  ташкили  Хазина ва  Бонки  рушди  СҲШ   меафзояд. 
Ҳамтоёни  муҳтарам, 
14 сол  муқаддам  дар  ин  ҷо,  дар  шаҳри  Душанбе,  бори  нахуст  дар  бораи  ташкили  созмони   нави   минтақавӣ  пешниҳод сурат  гирифта буд, ки он  дар  Эъломияи дар  шаҳри  Душанбе қабулкардаи  «панҷгонаи  Шанхай»  инъикос ёфтааст.
Дар  ибтидои  қарни 21 тахмин  кардан  душвор  буд, ки  созмони  нави  минтақавӣ  дар  давраи  кӯтоҳи  таърихӣ  метавонад  дар  радифи    муносибатҳои  байналмилалӣ   мақоми  махсуси  худро  касб  намояд.
Имрӯз  обрӯи  СҲШ, чун  умеди мардум ва  хусусан умеди  ҷавонон, ки барои таҳсилот, таъмин шудан бо кор  ва  бунёдкорӣ ба  имкониятҳои  зиёд  эҳтиёҷ  доранд,   нисбат ба  пештара  баландтар  аст. 
Муҳим  аст, ки  халқҳои   кишварҳоямон  тавассути   барномаҳои  фарҳангию  гуманитарӣ  аз  таъриху  фарҳанги  ғании  якдигар  бештар   воқиф  гарданд,  то  дӯстии  байни   халқҳоямон вайроннашаванда бошад.
Воқеияти нав   зарурати мутобиқшавии Созмонамонро  ба  онҳо   тақозо  мекунад,  то  СҲШ  ҳиссаи  худро  ба  беҳтаршавии  зиндагии  мардум  гузошта тавонад. 
Мо  бояд ба  принсипҳои  асосии Ҳуҷҷати  СҲШ такя намуда, «руҳияи Шанхай» — ро ҳамаҷониба  таҳким  бахшида, вазифаҳои бо  ҳам  алоқаманди таъмини  амнияту  сулҳи  минтақа ва  масъулияти  СҲШ – ро   собитқадамона  ҳал  намуда, фаъолияту  ҳамкории  ҳамдигариро  вусъат бахшем, то  халқҳоямонро  тавассути  рушди  муштарак  ба  шукуфоӣ  расонем. 
Ба  назари  мо,  кори  якҷояамон дар  давраи  гузашта  саъю  кӯшиши  умумиамонро  барои расидан  ба  ин  мақсад  равшан  нишон  дод.
Ташаккур  барои таваҷҷуҳатон.
 
 
 

Сентябрь 12, 2014 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуданд
Бастаҳои «MIX»: интернети бештар бо нархи камтар
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Нақши соҳибкорони Панҷакент дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст
Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футзал гардид