Таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари хизматӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷоҳу чоруми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷараён дорад, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассиса Ҷамшед Қурбонов бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 доир ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳумро бо як қатор мамлакатҳои пешрафта ба имзо расониданд.
Тибқи муколамаи ҷонибҳо санаи 23 сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи патентии Исроил аз ҷониби директори Муассиса Ҷамшед Қурбонов ва директори Идораи патентии Исроил Аса Клинг ба имзо расонида шуд.
Ёддоштҳои тафоҳум бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ба имзо расонида шуд, ки ҷонибҳо барои ҳамкории судманд ҳавасмандии худро изҳор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






