Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлол

Сентябрь 5, 2014 15:59

 Душанбе, 05.09.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода ) .-Бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлоли  давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид.  Дар ҷамъомад роҳбарият, кормандони Шӯрои адлия, хокимияти судӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба масъалахои кадрҳо  Абдуҷаббор Азизӣ иштирок намуданд.
Раиси Шӯрои адлия Азиззода Зафар Нусрат  ҳозиринро бо рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, зикр намуд, ки 23 сол мешавад мардуми шарафманди кишвар 9 сентябрро ботантана ҷашн гирифта, шукри истиқлоли давлати хеш мекунанд.
Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳиме, ки аҳолии мамлакат дар натиҷаи истиқлолияти давлатӣ комёб шудааст, ин дар сатҳи баланд дар Қонуни асосӣ ҳамчун арзиши олӣ арзёбӣ ёфтани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад. Дар ин замина фаъолияти давлату Ҳукумат, сохторҳои марбутаи ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми қиршҳои ҷомеа ба он равона гардидааст, ки  шаҳрванд аз ин кафолатҳои конститутсионӣ бархурдор бошад.
Инчунин дар мизи мудаввар дар мавзӯъҳои  «Истиқлолият- дастоварди муқаддаси тоҷикон», «23 соли Истиқлолият ва дастовардҳои он», «Таҳкими ҳокимияти судӣ дар 23 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ» маърӯзаҳо шунида шуд.
Бо назардошти нақши муҳим доштани ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд як гурӯҳ кормандони мақомоти судӣ бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Мукофотҳои давлатиро ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ аз номи Сарвари Давлат супорид.

 
 
 

Сентябрь 5, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад