Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 3 сентябри соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои миллати мо як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақи таърихӣ гардид. Имрӯз баъди гузашти чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва бинобар ин, ҳар лаҳзаи талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон ҳамеша чун намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда хоҳанд монд.Дар фарҷоми ҷаласа сардори Хадамоти муҳоҷират А. Бобоев аз таърих ва ҳодисаҳои даврони кашмакашиҳои дохилӣ ёдовар шуда, афзуд, ки дар ҳақиқат ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои беҳтарини мардум ва миллати тоҷик ба ҳисоб меравад ва боиси ифтихор аст, ки ҳамватанони бурунмарзии мо ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса дар хориҷи кишвар ҷашн мегиранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






