Таҷлили Рӯзи дониш дар ДАТ

Сентябрь 2, 2014 11:28

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар Рӯзи дониш таҷлил шуд. 
Дар дохили бинои асосии донишгоҳ намоиши китоб, маҷаллаву рӯзномаҳои ин боргоҳ, ки аз тарафи олимону донишҷӯён таълиф ёфтаанд, ташкил шуда, вазир ба фаъолияти илмиву методии олимон ва донишҷӯён баҳои хуб дода,  ҳамкориҳои зичтари онҳоро бо мутахассисони вазорат тақозо намуд. 
Вазири кишоварзӣ Қ. Роҳбар оид ба моҳияти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари мамлакат, дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат аз донишгоҳ, зарурати мутахассисони баландихтисос барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва талаботи замон ба навовариву ташаббускориҳои ҷавонон сухан ронда, мавқеи донишгоҳи мазкурро дар иқтисодиёти кишвар ва хусусан пешрафту татбиқи ислоҳоти соҳаи аграрӣ хеле баланд арзёбӣ намуд. 

Сентябрь 2, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад