Таҷлили «Рӯзи китоб» дар КМТ

Сентябрь 2, 2014 16:53

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар»,  Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бахшида ба “Рӯзи китоб” маҷлиси танатанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад директори китобхона Носирҷон Салимов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуданд.
Ш. Орумбекзода аҳли нишастро бо иди китоб табрик гуфта, ба чанд нафар аз кормандони китобхона, аз ҷумла ба Фотима Яқубова нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба нуҳ нафар корманди китобхона Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг супорида шуд.
Бахшида ба ин рӯз ба кормандони  бехтарини китобхона барои фаъолияти пурсамари меҳнатиашон Ифтихорномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд. Сипас, меҳмонон Аскар Ҳаким, Саттор Турсун перомуни китобу китобдорӣ ҳарф зада, ҳамагонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуданд.
Ёдовар мешавем ки 4 — уми сентябр ҳамчун рӯзи китоб ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Имсол низ бахшида ба ин рӯз дар Китобхонаи миллӣ ҳафтаи китоб эълон шудааст, ки ҳамарӯза чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ гузаронида шуда, санаи 7 -уми сентябр ҷамъбаст мешаванд.
 
 
 
 

Сентябрь 2, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад