Таҷлили «Рӯзи китоб» дар КМТ
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бахшида ба “Рӯзи китоб” маҷлиси танатанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад директори китобхона Носирҷон Салимов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуданд.
Ш. Орумбекзода аҳли нишастро бо иди китоб табрик гуфта, ба чанд нафар аз кормандони китобхона, аз ҷумла ба Фотима Яқубова нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба нуҳ нафар корманди китобхона Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг супорида шуд.
Бахшида ба ин рӯз ба кормандони бехтарини китобхона барои фаъолияти пурсамари меҳнатиашон Ифтихорномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд. Сипас, меҳмонон Аскар Ҳаким, Саттор Турсун перомуни китобу китобдорӣ ҳарф зада, ҳамагонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуданд.
Ёдовар мешавем ки 4 — уми сентябр ҳамчун рӯзи китоб ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Имсол низ бахшида ба ин рӯз дар Китобхонаи миллӣ ҳафтаи китоб эълон шудааст, ки ҳамарӯза чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ гузаронида шуда, санаи 7 -уми сентябр ҷамъбаст мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






