Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хатлон

Сентябрь 24, 2014 17:22

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).-   Дар  назди муҷассамаи Рӯдакии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба рӯзи шоир ва нависандаи бузурги назму насри тоҷик Абуабдуллои  Рӯдакӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданд, ки дар онҳо  раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло иштирок дошта, таъкид намуд, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти форсу тоҷик саҳми арзанда гузошта, дар давоми ҳазорсолаҳои таърихи башарӣ осори бебаҳояш мазмун ва мавқеашро гум накарда, асолати миллии моро нигоҳ медорад ва эҷодиёти адабии ӯ хазинаи бебаҳое мебошад, ки байни одамон аз насл ба насл мерос гузошта, дар шикасту рехт ва роҳҳои пурпечутоби таърих эҳтиёткорона ҳифз мегардад.
Давраи форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форсу тоҷик низ аз ҳамин аср ибтидо гирифта, дар саргаҳи ин адабиёт Абуабдулоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласаро ва бунёдгузор мақому манзалати олӣ дошта, ба адабиёти тоҷикии форсии дарӣ асос гузошт ва бунёди тамоми адабиёти форсизабононро устувор гардонид.  Эҷодиёти устод Рӯдакӣ инъикосгари давраи ниҳоят муҳим ва пурталотуми таърихии мост. Дар ашъори ӯ на танҳо инъикоси ҷудогонаи шахси суханвар, балки воқеаҳои бузурги иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд. Ба ин маънӣ, рӯ овардани мо ба замони Сомониёни бузург ба таърихи ҳазорсола, ки аз он шеъри Рӯдакӣ чун нури хуршеди ҳаётбахш ҷило медиҳад, амали табиӣ мебошад.
Ва имрӯз аҳамияту арзиши эҷодиёти Рӯдакӣ дар он аст, ки шоир дар шеърҳояш фикрҳои пешқадами замон — инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, оҳангҳои ҳаётдӯстию ватанпарварӣ, ситоиши хирад, тавсифи илм ва дастовардҳои пешрафти маънавиро тараннум кардааст, ки бузургони адабиёти мо, Ҳофизу Хаём, Фирдавсиву Саъдӣ, Камолу Бедил ва даҳҳо дигарон аз мактаби устод Рӯдакӣ сабақ гирифта, назми моро ба олам муаррифӣ ва шӯҳратёр кардаанд.
 
 

Сентябрь 24, 2014 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад