Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хатлон
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Дар назди муҷассамаи Рӯдакии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба рӯзи шоир ва нависандаи бузурги назму насри тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданд, ки дар онҳо раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло иштирок дошта, таъкид намуд, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти форсу тоҷик саҳми арзанда гузошта, дар давоми ҳазорсолаҳои таърихи башарӣ осори бебаҳояш мазмун ва мавқеашро гум накарда, асолати миллии моро нигоҳ медорад ва эҷодиёти адабии ӯ хазинаи бебаҳое мебошад, ки байни одамон аз насл ба насл мерос гузошта, дар шикасту рехт ва роҳҳои пурпечутоби таърих эҳтиёткорона ҳифз мегардад.
Давраи форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форсу тоҷик низ аз ҳамин аср ибтидо гирифта, дар саргаҳи ин адабиёт Абуабдулоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласаро ва бунёдгузор мақому манзалати олӣ дошта, ба адабиёти тоҷикии форсии дарӣ асос гузошт ва бунёди тамоми адабиёти форсизабононро устувор гардонид. Эҷодиёти устод Рӯдакӣ инъикосгари давраи ниҳоят муҳим ва пурталотуми таърихии мост. Дар ашъори ӯ на танҳо инъикоси ҷудогонаи шахси суханвар, балки воқеаҳои бузурги иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд. Ба ин маънӣ, рӯ овардани мо ба замони Сомониёни бузург ба таърихи ҳазорсола, ки аз он шеъри Рӯдакӣ чун нури хуршеди ҳаётбахш ҷило медиҳад, амали табиӣ мебошад.
Ва имрӯз аҳамияту арзиши эҷодиёти Рӯдакӣ дар он аст, ки шоир дар шеърҳояш фикрҳои пешқадами замон — инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, оҳангҳои ҳаётдӯстию ватанпарварӣ, ситоиши хирад, тавсифи илм ва дастовардҳои пешрафти маънавиро тараннум кардааст, ки бузургони адабиёти мо, Ҳофизу Хаём, Фирдавсиву Саъдӣ, Камолу Бедил ва даҳҳо дигарон аз мактаби устод Рӯдакӣ сабақ гирифта, назми моро ба олам муаррифӣ ва шӯҳратёр кардаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






