Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Абдулло
Душанбе, 26.09.2014.(НИАТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоби арҷманд,
Масаррат дорам таъсиси давлати миллӣ ва пешниҳоди Шуморо ба ҳайси номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо, ҷонибдорону муттаҳидони Шумо ва тамоми мардуми бародари Афғонистон сидқан табрик ва таҳният арз намоям.
Комёбии бузурги Шумо дар интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ натиҷаи табиии талош ва пайкори содиқонаи Шумо тайи солҳои тулонӣ дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он аст. Мутмаинам, ки дар мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумат дар таркиби тими муттаҳид бо садоқату фидокорӣ, ҳадафмандӣ ва тадбир фаъолияти босамар ва муваффақ хоҳед дошт.
Итминони комил дорам, ки фаъолияти Шумо ба рушди пайгири муносибатҳои таърихан дӯстонаи мо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳо мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Ба Шумо, Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло тандурустӣ, иродаи матин ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон субот, саодат ва пешрафт таманно дорам”.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






