Тантанаҳои ҷашни 90-солагии Душанбе 9 рӯз идома меёбанд
Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҷашни 90-солагии Душанбе дар асоси тақвими таҳиянамудаи шаҳрдории Душанбе 9 рӯз идома хоҳад ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки душанбегиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи фархунда тӯли 900 рӯз (900 рӯзи ободонӣ) омодагӣ доранд. Дар иртибот ба ин таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахт 11 октябр бо роҳандозии маъракаи ободонии дастаҷамъона таҳти унвони «Мо метавонем!» оғоз меёбад. Ҳамзамон 12 октябр дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо ҷашнвора оғоз гардида, дар ин рӯз дар «Маҷмааи савдои Пойтахт- 90» ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввал барои ғанӣ гардонидани хони идонаи сокинони пойтахт ва намоиши ҳунарию фароғатӣ ташкил мешавад. Чор рӯз -13, 14, 15 ва 16 октябр дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони 800-солагии Маскав, Боғи Дӯстии халқҳо ва Кӯли ҷавонон барои сокинони чор ноҳияи пойтахт -И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино аз соати 17-30 бо иштироки бевоситаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев тантанаҳои ҷашнӣ доир мешаванд.
17 октябр дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург оғоз гардида, 18 октябр дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идона баргузор мешавад. 19- октябр соати 10:00 дар Боғи Наврӯзгоҳ базми идонаи сокинони Душанбе доир мегардад, ки он анҷомбахши тантанаҳои ҷашни 90-солагии Душанбест.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






