Таъсиси гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо

Сентябрь 25, 2014 09:29

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 23 сентябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел зимни вохӯрии аъзои ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо таъсис ёфт. Вакили Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорфман раиси гурӯҳ интихоб гардид.
Мақсади ташкили гурӯҳи дӯстӣ- ин мусоидат намудан барои инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои гуногунсамти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дар вохӯрӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев дар назди  вакилон оид ба таърих, фарҳанг, вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, парламентаризми демократӣ, ҳуқуқи инсон, иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, масъалаҳои обиву энергетикӣ, мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, таҳкими сарҳади давлатӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бунёдкорона дар ҷумҳурӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти байналмилалии он маълумоти муфассал дод.  
Намояндаи доимӣ зикр кард, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо шароити мусоидеро ҷиҳати инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз, аз вакилони Парлумони Аврупо барои таҳкими бештари муносибатҳои гуногунҷабҳа аз тариқи афзори парлумонӣ даъват ба амал оварда шуд.
Вакилони Парлумони Аврупо ба муносибатҳои созанда ва рӯзафзуни гуногунсамти Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода,  таъйид намуданд, ки барои рушди минбаъдаи онҳо тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.
 
 
 

Сентябрь 25, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст