Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-18 сентябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон доир гардид. Мақсад аз таъсиси Шӯро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита бо пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа фаъолият мекунанд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медароранд, халли мушкилоти соҳа ва дигар масъалаҳо, мебошад.
Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ, ки бевосита бо пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегиранд, иштирок намуда, оид ба беҳтар ба роҳ мондани кор дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф сухан карданд.
Иштирокчиёни ҷаласа дар бораи нақши вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва дигар самтҳои фаъолият сухан карда, оид ба он тадбирҳое, ки барои беҳбуди кор андешида мешаванд, ибрози назар намуданд.
Ҳайати Шӯро ва лоиҳаи нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон барои соли 2014 тасдиқ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






