Театри Шукур Бурҳонов 80 сола шуд

Сентябрь 3, 2014 10:55

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Муҳтадӣ Маҷидӣ, раиси ноҳияи Спитамен дар рӯзи ҷашни 80-солагии театри ба номи Ш. Бурҳонов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кормандони он туҳфаи хотиравӣ — мошини тамғаи «Starex » супурд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии идона сардори раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев, раиси ноҳияи Спитамен Муҳтадӣ Маҷидӣ, кормандони соҳаи фарҳанг, фаъолони ноҳия ва ҳаводорони санъат иштирок карданд. Кормандони театрро раиси ноҳия табрик намуд.Сипас Ориф Набиев, сардори раёсати фарҳанги вилоят кормандони театрро бо ҷашни 80 — солагӣ аз номи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ табрик намуда, ба кормандони театр туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Сентябрь 3, 2014 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд