Тоҷикистон раёсатро ба Русия таҳвил медиҳад

Сентябрь 11, 2014 15:32

          Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Соли равон раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти шиори  «Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак» ҷараён дошт, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои  сарони кишварҳои аъзои Созмони  ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба поён расида ва раёсат дар ин созмони  бонуфузи рушдёбанда  ба Русия таҳвил мешавад 
                      Назар ба иттилои Абдулфайз Атоев -сардори Раёсати  иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосӣ ва калидии худро ба ҳайси кишвари раёсаткунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай қабл аз ҳама дар пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ дар ҳошияи ин созмон муайян кард ва  саъю талош  дошт, то ин ҳадафҳо амалӣ гарданд. Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои муҳим баргузор гардид.
           Интизор меравад, ки дар кори ҷаласаи  Созмони ҳамкории Шанхай сарони 10 кишвар, 2 вазири корҳои хориҷӣ роҳбарони 7 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.Ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос намудани Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 нафар хабарнигори ватанию хориҷиро сабти ном кардааст. 
       Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай Ҳасани Рӯҳонӣ -Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ   ва  Си Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафари давлатӣ ба Душанбе- пойтахти Тоҷикистон ташриф овардаанд.
        Абдулфайз Атоев афзуд, ки Эрон ва Чин барои Тоҷикистон шарикони стратегӣ маҳсуб ёфта, ҳар ду кишвар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд. 
 
 

Сентябрь 11, 2014 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!