Украина дар Суғд корхонаи истеҳсоли трактор месозад
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Дар ҷараёни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дошт, асосан ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот Виктор Никитюк ба ҷараёни баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе баҳои баланд дод ва аз афзун гардидани мақом ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки самти афзалиятноки ҳамкориҳои тарафайни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Украина метавонад воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ ба вилояти мо ва содироти меваи хушк ба ин кишвар бошад, зеро Украина дар масъалаи истеҳсоли нақлиёти хоҷагии халқ таҷрибаи кофӣ дорад. Дар вилояти Суғд захираи зиёди меваю сабзавот вуҷуд дорад. Ҷонибҳо ҳамкориҳои истеҳсолию тиҷоратиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот ба масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар самти дастрасии таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ ва истеҳсоли тракторҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Имрӯз дар вилоят чунин шароиту имконият вуҷуд дорад ва мутахассисони таҷрибадор низ ҳастанд. Дар марҳилае, ки дар вилоят ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои шакли нав гузаронида мешавад, ниёз ба ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ ва тракторҳо бештар шудааст ва таъсиси чунин корхонаи муштарак пеш аз ҳама ба манфиати деҳқонон хоҳад буд. Таъсис додани корхонаи муштарак ва шароити мувофиқи сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд, ки барои сармоягузорон имтиёзҳои хеле мувофиқро пешбинӣ мекунад, аз ҷониби сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк мувофиқи матлаб дониста шуд. Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо сармоягузории корхонаи «Юж маш»-и Днепропетровски Украина корхонаи истеҳсоли тракторҳо ва техникаи хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда мешавад.
То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина чанд санади ҳамкориҳои минтақавӣ қабул шуда, равобити фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо ин кишвар густариш меёбанд. Сафири Украина ҳамчунин ҳавасмандии ширкатҳои украиниро барои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика баён намуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






