Украина: Порошенко хостори оташбас аст

Сентябрь 5, 2014 14:29

       Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Президенти Украина Петро Порошенко  шоми 4 сентябр ба васоити ахбори оммаи кишвараш  гуфт, ки рӯзи 5 сентябр ба муҷарради оғози музокироти Минск фармони оташбас дар манотиқи ошӯбзадаи шарқи Украинаро хоҳад дод. Порошенко, ки дар пешорӯи шурӯи нишасти сарони НАТО дар Уэлс суҳбат карда, хоҳиш намуд, ки  ман аз Ситоди кулли артиш хоҳонам, ки  оташбаси дуҷонибаро ҷорӣ кунанд. Ва низ зикр намуд, ки мо умедворем,  истиқрори оташбас аз пагоҳ оғоз хоҳад ёфт.
 
Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида  ва Эрон дар як гуфтушунид дар Женева барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки  ҳайати гурӯҳи кориро  ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Вилём Бурнс, ёвари вазир дар умури сиёсӣ Вэнди Шермон ва мушовири аршади вазорат Ҷекоб  Саливан раҳбарӣ мекунанд. 
 
Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си-роҳбари гурӯҳи ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ эълон кардааст, ки  дар Ҳиндустон низ як шуъбаи нав таъсис додаанд. Телевизиони Ҳиндустон мегӯяд, баъд аз эълони Завоҳирӣ дар се иёлати ин кишвар, ки ақаллияти бузурги мусулмон доранд, ҳолати омодабош эълон шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки Ал-Қоида то ҳоло дар Афғонистон ва Покистон низ фаъол мебошад. 
 
 
 
 

Сентябрь 5, 2014 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад