Украина: Порошенко хостори оташбас аст
Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Президенти Украина Петро Порошенко шоми 4 сентябр ба васоити ахбори оммаи кишвараш гуфт, ки рӯзи 5 сентябр ба муҷарради оғози музокироти Минск фармони оташбас дар манотиқи ошӯбзадаи шарқи Украинаро хоҳад дод. Порошенко, ки дар пешорӯи шурӯи нишасти сарони НАТО дар Уэлс суҳбат карда, хоҳиш намуд, ки ман аз Ситоди кулли артиш хоҳонам, ки оташбаси дуҷонибаро ҷорӣ кунанд. Ва низ зикр намуд, ки мо умедворем, истиқрори оташбас аз пагоҳ оғоз хоҳад ёфт.
Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар як гуфтушунид дар Женева барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки ҳайати гурӯҳи кориро ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Вилём Бурнс, ёвари вазир дар умури сиёсӣ Вэнди Шермон ва мушовири аршади вазорат Ҷекоб Саливан раҳбарӣ мекунанд.
Душанбе,05.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си-роҳбари гурӯҳи ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ эълон кардааст, ки дар Ҳиндустон низ як шуъбаи нав таъсис додаанд. Телевизиони Ҳиндустон мегӯяд, баъд аз эълони Завоҳирӣ дар се иёлати ин кишвар, ки ақаллияти бузурги мусулмон доранд, ҳолати омодабош эълон шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки Ал-Қоида то ҳоло дар Афғонистон ва Покистон низ фаъол мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






