В.Путин: «Вуруди аъзои нав ба СҲШ обрӯи ҷаҳонии онро баланд мебардорад»
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – « Русия чун ҳамаи аъзои СҲШ аз вусъати хавфу хатар ба ҷаҳон дар ташвиш аст, бинобар ин ба таъмини тартиботи ҳуқуқ бодиққат назар мекунад», — гуфт Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар нишасти давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе. «Қобили зикр аст, ки қувваҳои байналмилалӣ ба амният мусоидат намуда, уҳдадориҳоеро, ки СММ ба зиммаашон гузоштааст, иҷро менамоянд. Муҳим мешуморем, ки амалияи ҷалби кишварҳои нозир ба машваратҳои сиёсии СҲШ аз рӯи қазияи Афғонистон ва масоили дигари минтақа давом дода шавад», — қайд намуд В.Путин. Владимир Путин ҳамчунин зикр намуд, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ҳанӯз хотима наёфтааст ва дар робита бо ин Президенти ФР даъват намуд, ки ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ мустаҳкам карда шавад. «Ба назари мо ғояи ташаккул додани низоми умумии нақлиётии CҲШ, аз ҷумла бо истифода аз неруи транзитии роҳи оҳани Транссибир, Байкалу Амур дурнамои судманд дошта, ба нақшаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди «Роҳи абрешим» мувофиқат мекунад. Чунин лоиҳаҳои ҳаҷман калон ба нафъи ҳам иштирокдорони созмони мо ва ҳам ба нафъи давлатҳои дигари АвруОсиё мебошанд», — гуфт Сарвари Федератсияи Русия. «Имрӯз мо бояд ҳуҷҷатҳои муҳимеро қабул намоем, ки раванди ба даст овардани мақоми давлати узви созмонро танзим мекунанд. Мо ба ин васила ташаккулёбии шартҳои ҳуқуқӣ ва маъмурию молиявиро барои қабул ба СҲШ, барои қабули аъзои нав анҷом мебахшем. Ба назари мо, ин созмонамонро таҳким бахшида ва обрӯи байналмилалии онро баланд мебардорад», — гуфт В.Путин Тарҷумон – Шарифзода М.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






