Вакил бо сокинони ноҳияҳои кӯҳистон мулоқот кард

Сентябрь 23, 2014 16:32

       Душанбе, 23.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-23  сентябр раиси Кумитаи Маҷлиси  намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов  дар ноҳияҳои Шӯрообод,  Муъминобод ва Ховалинги   вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.
Вакили Парлумон доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ  қарор гирифта буд, сухан кард.
     Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа, хусусан беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ  тадбирҳои зурурӣ андешида, дар ин самт аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон маҷмӯи қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори мардум муҳим ва саривақтианд.
Дар фарҷоми мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ба саволҳои интихобкунандагонаш -сокинони ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод ва Ховалинг посух дода, пешниҳодоти сокинони навоҳии кӯҳистонро ба инобат гирифт.
 

Сентябрь 23, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад