Вохӯрии Р. Раҳимзода бо шунавандагони Академияи ВКД

Сентябрь 2, 2014 09:59

Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода), — Дирӯз вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ омӯзгорону шунавандагонро бо оғози соли нави таҳсил ва ҳамзамон бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷомеаро дар тамоми давру замон, новобаста аз чигунагии шароит, бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон ва аҳли адаб тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Вазири корҳои дохилӣ ба саволҳои шунавандагон ҷавобҳои мушаххас дода, гуфт, ки барои онҳо тамоми шароитҳои таълимӣ ва имкониятҳои васеъ муҳайё гардидааст, то бо андӯхтани илму дониш ба давлату миллат содиқона хизмат намуда, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 таъсис дода шуда, 30-юми декабри соли 2000 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола ба ҳисоби миёна 550-650 нафар Академияро ба таври рӯзона ва ғоибона хатм намуда, 35-450 нафар корманд аз курсҳои такмили ихтисос мегузарад. Дар зарфи 23-сол Академияро зиёда аз 8000 нафар ба шакли таҳсили рӯзона ва беш аз 5000 нафар таҳсили ғоибона хатм намудааст.
Таълим дар Академия бо забонҳои тоҷикию русӣ сурат мегирад. Дар Академия панҷ факулта фаъолият намуда, 166 фан таълим дода мешавад. 
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо муассисаҳои олии таълимии ҷумҳуриҳои Русия, Украина, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Туркия ва дигар кишварҳо робитаи зич дорад. Аз ҷониби устодони Академия дар ин давра беш аз садҳо китобу монографияҳо, 1500 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ таълиф шудаанд.
Имсол низ омӯзгорону шунавандагони ин боргоҳи таълим бо як омодагии хуб ба таҳсилу тадрис шурӯъ намуда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд бурд.

Сентябрь 2, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд