Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо Сенатор Ҷеймс Риш

Сентябрь 12, 2014 09:26

Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 10 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод  Салим бо Ҷон Сенди, роҳбари  дастгоҳи Сенатор Ҷеймс Риш (намояндаи штати Айдаҳо)  баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои машваратҳои дуҷонибаи солона, эҳёи субот ва иқтисодиёти Афғонистон, таҳкими марз дар ҷануби кишвар ва ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ф.Салим зарурати лағви иловаи Ҷексон Венникро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба муносиботи консулӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар асоси баробарӣ, бознигарии ин мавзӯъ аз ҷониби амрикоӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
 
 
 

Сентябрь 12, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад