Волгоград тоҷиконро ба кор даъват мекунад
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва ФР оид ба муҳоҷират бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон дар субъектҳои хоҷагидории Федератсияи Русия ба шумор меравад. Аз аввали сол аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии Русия даҳҳо дархостҳои расмӣ оид ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба унвони намояндагӣ ворид гардида, дар асоси ин дархостҳо садҳо ҳамватанони мо бо кор таъмин шуданд.
Боз як дархост бо чунин мақсад аз ҶДММ «Камышинский завод слесарно-монтажного инструмента» — и шаҳри Камишини вилояти Волгоград ба унвони намояндагӣ ворид гардид, ки дар он хоҳишмандонро бо ихтисосҳои харрот, пармагар, оҳангар, кранчӣ ва коргари оддӣ ба кор даъват менамояд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, аз ҷониби худ корхонаҳои мазкур таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳои лозимӣ (аз ҳисоби музди меҳнат), пешниҳоди ҷойи хоб ва пардохти музди меҳнат (шартномавӣ аз 15 000 то 30 000 рубл)-ро ба муҳоҷирони меҳнатӣ кафолат медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






