Восеъ: Омодагӣ ба зимистон
Восеъ, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия таъмири роҳҳо ба таври мукаммал роҳандозӣ гардида, инчунин ба мавсими зимистон тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Тавре ки сардори муассисаи мазкур Қурбоналӣ Ҳикматуллоев иброз дошт, дар айни ҳол дар корхона 350 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 7 метри кубӣ ҳезум, 2400 л сӯзишвории дизелӣ, 100 л равғани молиданӣ ва дигар маводи зидди лағжиш захира гардидааст, ки барои зимистонгузаронӣ кифоя мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар корхона зиёда аз 10 техникаи ёрирасон фаъолият намуда, то ин ҷониб дар масоҳати 110 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуд, ки маблағи он 170 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар айни ҳол кормандони муассиса ба таъмири роҳҳои ҷумҳуриявии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва Восеъ Темурмалик сафарбар гардида, тасмим гирифтаанд то охири моҳ таъмири роҳҳоро ба анҷом расонанд.
Зарар аз сӯхтор-зиёда аз 4 миллион
Кӯлоб, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ба иттилои сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб Ҳамзақул Нодиров дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар минтақа 92 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 4 млн 246 ҳазору 628 сомониро дар бар мегирад. Сӯхтор бештар дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Данғара ба қайд гирифта шуда, сари вақт аз тарафи кормандони хадамотҳои оташнишонӣ пешгирӣ гардида, дар натиҷа ба маблағи 136 млн 139 ҳазору 725 сомонӣ молҳо аз сӯхтор эмин дошта шуданд.
Гуфта мешавад дар айни ҳол масъулини хадамотҳои оташнишонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳру деҳот вохӯрӣ доир намуда, оид ба пешгирии сӯхтор, истифодаи дурусти таҷҳизоти газӣ ва барқӣ, инчунин назорати қатъии кӯдакон суҳбат оростанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






