Ёрии коршиноси САҲА ба рушди МОИ «Суғд»
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш коршиноси САҲА Горан Сумкоски аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд. Номбурда барои дастгирии чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон ду моҳ боз санҷиш мегузаронад. Мақсад аз ин чорабинӣ додани тавсияҳо барои арзёбии вазъи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва расонидани кумаки зарурӣ барои рушди онҳост.
Тавре ки аз маркази матбуоти МОИ «Суғд» хабар доданд, зимни суҳбат дар маъмурияти МОИ «Суғд» самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳаҳои расонидани ёрӣ ба манзури тарҳрезии стратегияи рушд, ҷалби коршиносони ихтиёрӣ барои додани маслиҳат дар бахшҳои мухталифи фаъолият ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Горан Сумкоски иқдомоти кормандони маъмуриятро ҷиҳати таҷдиду беҳдошти сифати иттилоот дар бораи имкониятҳои МОИ «Суғд» ба таври умум маъқул ёфта ва дастгирӣ кард.
Мавсуф аз рӯи натиҷаи санҷиши зикршуда иброз дошт, ки барои расидан ба мақсадҳои рушди босуръати Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






