Забони миллӣ- симо ва пайкари миллат

Сентябрь 18, 2014 15:11

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард ва то соли 2009-ум  ҳамасола 22-юми июл ҳамчун Рӯзи Забон таҷлил гардида, барои тоҷикон ин рӯз рӯзи таърихй буд. 
Вале бо сабаби он, ки  22-юми июл ба давраи таътили тобистонаи мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меомад. ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни миллӣ ғайриимкон мегардид.
Аз ин рӯ бо гузашти 20 сол аз он замон зарурати иваз намудани рӯзи таҷлили он ба миён омад.
Акнун соли панҷум аст, ки панҷуми октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.
Ҳукумати мамлакат аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овард. Яъне, дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бояд гуфт, ки баҳри амалӣ намудани муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки он дар назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ, татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад.
Тадбирҳои дигари ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар» маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тўлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад.
Бояд дар хотир дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад.
Ҳамчунин собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шӯҳрат дорад. Барои ба ин шӯҳрату мартаба расидани он адибон ва суханварони бузурге, чун устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адабиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд. Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон — Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад.
Яке аз тадбирҳои неку хирадмандонаи Сарвари Давлат тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ аст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи забон 5-уми октябри соли 2010 вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон як силсила дастуру супоришҳо дода буд, ки  онҳо то кунунӣ иҷро ва амалӣ шудаанд.
Яке аз чунин вазифаҳои муҳим таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.
Гуфта мешавад, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар даврони истиқлолият пас аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори нахуст нашр гардид.
Ба хотири таҳкими мақоми забони давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо фароҳам овардани заминаҳои воқеӣ иқдомоти заруриро бо роҳи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо Кумитаи забон ва истилоҳот баҳри назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст, аз ҷумла машварату вохӯриҳо бо соҳибкорони пойтахт ва шаҳру навоҳии мамлакат баҳри аз байн бурдани шиору овезаҳои зиёд, ки бо забонҳои бегона ё забони русӣ дар дӯкону мағозаҳо овехта шудаанд, ки аз ҷониби соҳибкорон хуб пазируфта шудааст.
Боиси зикр аст, ки омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад. 
Бояд ҳар як фарди солимфикр дар хотир дошта бошад, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст.

Сентябрь 18, 2014 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд