10-умин намоишгоҳи байналхалқӣ дар Бишкек
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 10-умин намоиши байналхалкии «Агропродэкспо-2014» доир гардид. Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкат аз давлатҳои Аврупо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Олмон, Голландия, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ намояндагони панҷ корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокӣ- ҶДММ «Зода»- истеҳсолгари нӯшокиҳои табиии хуч ва зардолуоб, ҶДММ «Кулканд»- шарбатҳои мевагӣ ва консерва, ҶДММ «Исфарафуд»- меваи хушк, ТҶМ Ассотсиатсияи занбӯрпарварони «Суғд»бо намудҳои гуногуни асал ва ҶДММ «Комбинати хӯроквории Қурғонтеппа»- маҳсулоти консервагӣ бо пешниҳоди молу маҳсулоташон ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ки дар маросими кушодашавии намоишгоҳи байналхалқӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Олим Раҳимов, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Шаркешеев, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷ. Керималиев, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Мақсади баргузории чорабинӣ- рушди содироти маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






