Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат- шарофати истиқлолият

Октябрь 4, 2014 11:42

 
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).- “Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрўз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем”, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 октябр дар суханронии хеш бахшида ба ҷашни 600-олагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ. 
Вай афзуд, ки: “Тавре олимони ҷомеашинос хулоса мекунанд, дар асри пуртазоди мо минбаъд унсури калидии ҳувият ва истиқлол на идеологияҳои сохта ва равандҳои маҳдуди мафкуравӣ, балки тамаддун ва гуфтугўи тамаддунҳо хоҳад буд.  Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”. 
Маврид ба зикр аст, ки дар 23 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки як силсила маъракаҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони маъруфи ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем.
Таҷлили ҷашни бошукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод  Рўдакӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Беҳзод, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин қабиланд. 

 

Октябрь 4, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!