Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2014 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии кишвар 13 миллиарду 963 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари се фоиз зиёд аст. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ то 1 январи соли ҷорӣ дар масоҳати 6304 гектар зироатҳои тирамоҳӣ кишт карданд, ки 5760 гектари онро майдони сабзавот ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар масоҳати 544 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 38,2 фоиз камтар аст.
Ҳамаи хоҷагиҳои кишвар дар масоҳати 7265 гектар боғҳои нав барпо намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 19,7 фоиз кам аст. Масоҳати токзорҳои нав 571 гектарро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8 фоиз кам мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






