Ҳалокати як зоири тоҷик дар Макка
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Шоми 7-уми октябри соли 2014 Олимхӯҷа Раҳимови 49-сола, сокини деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, ки дар мавсими ҳаҷи соли равон ба сифати роҳбалади ҳоҷиёни ноҳияи Файзобод хизмат менамуд, бо сабаби хуруҷи бемории қанд аз олам даргузашт.
Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим, марҳум қаблан аз ин беморӣ ранҷ мебурд ва маризиаш баъди адои маносики ҳаҷ дубора хуруҷ намуда, боиси ба ҳолати беҳушӣ (кома) гирифтор шудани ӯ гардид.
«Ҷанозаи марҳум субҳи имрӯз, 8-уми октябр баъди намози бомдод дар Масҷид-ул-ҳаром баргузор гардид ва ҷасади ӯро дар оромгоҳи «Шароеъ», воқеъ дар назди ҳарам ба хок супориданд»-илова намуд А. Муқим.
Марҳум Олимхӯҷа Раҳимов аз иҷрои уҳдадориҳои худ ба сифати роҳбалад дар ин мавсим сарбаландона баромад ва зоирине, ки зери роҳбаладии ӯ маносики ҳаҷро адо намуданд, аз марги бемаҳали ӯ изҳори андӯҳ карданд.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, инчунин ҳайати ситоди «Ҳаҷ-2014» ба наздикони марҳум амиқан изҳори тасаллият намуда, ба марҳум раҳмату мағфирати Парвардигор ва ба фарзандону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






