Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон рушд меёбад
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 13 октябр роҳбари навтаъйини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Ҳидоят Бишчевич нусхаҳои эътиборномаҳояшро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов супурд.
Тавре ки ВКХ ҶТ хабар медиҳад, Сироҷиддин Аслов дар ҷараёни мулоқот изҳори умедворӣ намуд, ки сафири нави Иттиҳоди Аврупо ба таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳмгузор мешавад.
Ҷонибҳо аз сатҳи рушди ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки барномаи дуҷонибаи он барои солҳои 2014 -2020 ба манзури татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои бахшҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин перомуни масоили минтақавию байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар бахши энергетикаи обӣ, амният, вазъияти Афғонистон ва масоили дигари мубрам табодули афкор баргузор шуд.
Вазири корҳои хориҷии ҶТ дар анҷоми мулоқот ба Ҳидоят Бишчевич дар фаъолияти касбиаш муваффақиятҳо орзу кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






