Ҳамоиш ба ифтихори қабули санади стратегӣ

Октябрь 7, 2014 11:07

Душанбе, 07.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузорӣ». Таҳти чунин унвон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалиро  ба ифтихори  20—умин солгарди қабули  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.
          Мавриди зикр аст, ки 20 сол муқаддам- 6 ноябри соли 1994   мардуми Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсия-Қонуни асосии кишварро қабул намуданд. Ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Қонунии асосии муҳиму стратегӣ  аз 10 боб ва 100 модда иборат буда,  низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар ҷомеа таъмин мекунад. Бояд тазаккур дод, ки  ба Қонуни  асосии  кишвар ду маротиба солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. 

Октябрь 7, 2014 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад