Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои ҷумҳурӣ

Октябрь 13, 2014 15:02

Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Рӯзҳои истироҳати  гузашта ноэҳтиётии  ронандагон  дар  роҳҳои  ҷумҳурӣ боиси ҳалокати одамон  гардид. 
11  октябр  ронандаи мошини тамғаи «Зил» Зоҳир  Сафаров,  сокини   шаҳри   Ваҳдат, ҳангоми  ҳаракат  аз  шаҳраки Гулрез  ҷониби   шаҳри  Ваҳдат аз  ӯҳдаи  идораи  нақлиёт   набаромада,  мошинаш ба канора бархурд. Ронанда  ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта дар  маҳалли  ҳодиса ба  ҳалокат расид.
Тавре  ки  намояндаи ВКД  ҶТ  хабар  дод, худи  ҳамон  рӯз  ронандаи  автомобили  тамғаи  «Хова»  Маҳмад  Амидҷон,  сокини  шаҳри  Қошғари  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин,  дар  шаҳри  Кӯлоб  аз  ӯҳдаи  идораи  нақлиёт  набаромада, сокинони шаҳр Бобохон  Одинаев,  Умед  Содиров,  Умед  Раҳматов ва  Зокир  Давлатовро  пахш  намуд. Бар  асари  ин  ҳодиса  ҷабрдидаҳо  ҷароҳати  вазнин  бардошта, се  нафарашон  дар  ҷойи  ҳодиса  ҳалок  шуданд. Зокир  Давлатов  ва  ронандаи  мошин Маҳмад  Амидҷон ҷароҳатҳои гуногун  бардошта,  дар  беморхона бистарӣ  шуданд.

Октябрь 13, 2014 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад