Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои истироҳати гузашта ноэҳтиётии ронандагон дар роҳҳои ҷумҳурӣ боиси ҳалокати одамон гардид.
11 октябр ронандаи мошини тамғаи «Зил» Зоҳир Сафаров, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз шаҳраки Гулрез ҷониби шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, мошинаш ба канора бархурд. Ронанда ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расид.
Тавре ки намояндаи ВКД ҶТ хабар дод, худи ҳамон рӯз ронандаи автомобили тамғаи «Хова» Маҳмад Амидҷон, сокини шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, сокинони шаҳр Бобохон Одинаев, Умед Содиров, Умед Раҳматов ва Зокир Давлатовро пахш намуд. Бар асари ин ҳодиса ҷабрдидаҳо ҷароҳати вазнин бардошта, се нафарашон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд. Зокир Давлатов ва ронандаи мошин Маҳмад Амидҷон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






