Ҳукумат лоиҳаи қонуни Буҷети соли 2015-ро ба Парлумон ирсол кард

Октябрь 30, 2014 11:10

Душанбе,30.10.2014 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” -ум  29 октябр дар Маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, маъқул дониста шуда, ҷиҳати баррасӣ ва қабул   ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
             Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум  15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014-ум  1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст. Таъкид шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хусусияти иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50% хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, ки дар қиёс ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия беш аз 400 миллион сомонӣ равона мегардад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2%, меъёри таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% ба нақша гирифта шудааст.
      Хамзамон дар Маҷлиси Ҳукумат дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 ба таври муфассал вазири молия Абдусалом Қурбонов гузориш дод. Дар муҳокимаи ин масъала ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок намуданд.   9.27.
 
 
 
 

Октябрь 30, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад